Тартиби истифодабарии қолаби воридсозии номгӯи молҳо

Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки бо ташаббуси КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук ҷиҳати содда ва осон кардани воридсозии номгӯи молҳо ҳангоми ташаккулдиҳии аризаи шаклаш ягона, аз 01 феврали соли 2024 дар қисмати “Молҳо”-и он қолаби нав дар шакли Excel (xls) таҳия ва ҷорӣ гардид.
Бо истифода аз он Шумо метавонед молҳои худро ба осонӣ илова карда, ба мақомоти дахлдор ирсол намоед.
Тартиби истифодабарии қолаби нав дар қисмати “Дастурамали истифодабаранда”-и низом ҷой дода шудааст.
Дар сурати пайдоиши саволҳо ба масъулини марказ бо телефонҳои доимамалкунандаи 778885000 ва 778885005 муроҷиат намоед.

Бо эҳтиром,
Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”