Пурсишнома

Аз истифодабарандагони низоми электронии “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” хоҳиш менамоем, ки ба саволҳои зерини мо ҷавобҳои ошкорои худро равон намоед:

Оиди фаъолияти низоми “Равзанаи ягона”

  1. Ҳангоми баррасии аризаҳои электронии Шумо аз тарафи мутахассисони кадом мақомоти ба низом шомилшуда кашолакорӣ ё эҷоди монеагиҳои сунъӣ ба назар мерасанд?
  2. Кадом мақомот аз Шумо хилофи талаботи банди 1-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №410 аз 24.07.2020 сол “Дар бораи ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ»” ҳуҷҷатҳоро дар ҳомили коғазӣ талаб мекунанд ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳию сертификатҳоро низ дар ин шакл пешниҳод менамояд?
  3. Барои беҳсозии сатҳ ва сифати ҳамгироӣ бо 11 мақомоти ба низом шомилшуда чӣ таклифҳо доред?
  4. Кадом паҳлӯҳои низоми электронии “Равзанаи ягона” ба такмил ниёз доранд?

 

Оиди фаъолияти низоми “АСИКУДА”-и ҷаҳонӣ

Бо назардошти давраи аввали ҷоришавии низоми “АСИКУДА”-и ҷаҳонӣ дар Хадамоти гумрук аз кормандони ширкатҳои брокерӣ ва субъектҳои хоҷагидор хоҳиш мекунем, ки оиди камбудӣ ва норасогиҳои ин низом низ таклифу эродҳои хешро манзур намоед.

Пешниҳод ва арзу шикоятҳои хешро оид ба фаъолияти низом ба нишони электронии info@swcustoms.tj ирсол намоед.

Аз натиҷаи пурсишномаи мазкур, ба унвони роҳбарияти Хадамоти гумрук ва 11 мақомоти ба низом шомилшуда, маълумотнома манзур мегардад.

 

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи

ягона”-и Хадамоти гумрук