Қоидаҳои ҳамкории иттилоотӣ дар доираи «Равзанаи ягона»

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 сентябри соли 2014, № 567

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои ҳамкории иттилоотии мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ваколатдор оид ба қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ барои воридот, содирот ва транзити молҳо аз рўи принсипи «Равзанаи ягона»

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои ҳамкории иттилоотии мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ваколатдор оид ба қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ барои воридот, содирот ва транзити молҳо аз рўи принсипи «Равзанаи ягона» (минбаъд — Қоидаҳо) тартиби ҳамкории иттилоотии байни Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона»-и назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — «Маркази Равзанаи ягона») ва мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ваколатдорро оид ба қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ барои воридот, содирот ва транзити молҳо аз рўи принсипи «Равзанаи ягона» (минбаъд — мақомоти ҷалбгардида) бо истифодабарӣ аз Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона»-и амалиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитии молҳо муайян менамояд.

2. Дастрасии мақомоти ҷалбгардида ба манбаъҳои иттилоотии Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ба воситаи сомонаи (веб-сайти) «Маркази Равзанаи ягона», ки идоракунандаи Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» мебошад, таъмин карда мешавад.

3. Масъулияти «Маркази Равзанаи ягона» ва мақомоти ҷалбгардида дар асоси созишномаҳои ҳамкории иттилоотии дар байни онҳо басташаванда ба танзим дароварда мешавад (минбаъд — созишномаи тарафҳо).

4. Ҳамкории иттилоотии байни «Маркази Равзанаи ягона» ва мақомоти дахлдори ҷалбгардида тавассути ирсоли шакли электронии ҳуҷҷатҳо, дархостҳо ва дар шакли электронӣ гирифтани ҷавобҳо дар асоси шакл ва мўҳлати муайяннамудаи созишномаи тарафҳо ба амал бароварда мешавад.

2. Нақш ва масъулияти «Маркази Равзанаи ягона», мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо

5. «Маркази Равзанаи ягона» бо мақсади таъмини ҳамкории иттилоотӣ бо мақомоти ҷалбгардида тавассути Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона», идораи муттасил ва самараноки система, вазифадор аст:

— бақайдгирии аввалияи дархосткунандаро ҳамчун истифодабарандаи Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» тавассути интерфейси истифодабарандаи Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» анҷом диҳад, эътимоднокии рақами мушаххаси андозсупорандаи муроҷиаткунандаро тавассути Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» якҷоя бо системаи иттилоотии таъминкунандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор диҳад. Баъд аз бақайдгирӣ Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ба дархосткунанда рамзи бехатарро медиҳад, ки дар оянда бо номи истифодабаранда (юзернейм) ва имзои электронии рақамӣ барои дастрасӣ ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ва гузаронидани санҷиши пурраи эътимоднокӣ имқоният медиҳад;

— ба субъектҳои фаъолияти савдои хориҷӣ, брокерони гумрукӣ ва дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ба сифати истифодабаранда ба қайд гирифта шудаанд (минбаъд — истифодабарандаи ваколатдори Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона»), иттилоот ва машваратҳои умумиро пешниҳод намояд;

— аз истифодабарандагони ваколатдори Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ариза ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ фиристодашавандаро қабул намуда, бо мақсади ирсол намудани онҳо ба мақомоти ҷалбгардида ва гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификат, дақиқ будани онҳоро санҷад ва ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ворид намояд;

— мубодилаи ҳуҷҷатҳо, маълумот ва ахборро байни мақомоти ҷалбгардида ва ҳамчунин байни мақомоти дахлдор ва истифодабарандагони ваколатдори Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» таъмин намояд;

— пешбурди махзани маълумоти ҳамаи истифодабарандагони ваколатдори Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона»-ро ба роҳ монад ва на камтар аз як маротиба дар як моҳ муқоисаи маълумотро гузаронида, мақомоти ҷалбгардидаро дар хусуси таљйироти дахлдор огоҳ намояд;

— дастгирии техникии ҳамаи истифодабарандагони ваколатдори Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона»-ро дар сурати муроҷиати онҳо ба хадамоти дастгирии техникӣ тариқи телефон ва ё почтаи электронӣ таъмин намояд;

— хизматрасонӣ ва нав кардани маълумоти портали иттилоотӣ ва портали амалиётии Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона»-ро на камтар аз як маротиба дар як моҳ таъмин намояд;

— мониторинги хизматрасониҳоро ба иҷро расонида, дар давоми 10 рўзи кории баъди ба итмом расидани моҳ ба мақомоти ҷалбгардида ҳисобот пешниҳод намояд;

— хизматрасонии таҷҳизоти серверӣ ва махзани маълумоти Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона»-ро барои таъмини кори муттасили онҳо ба анҷом расонад;

— сервер аз дастрасии беиҷозат ҳифз карда шавад;

— дастрасии истифодабарандагонро ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ҷиддан тибқи ваколати онҳо таъмин намояд;

— ҳангоми зарурат доир ба истифодабарии Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» барои мутахассисони мақомоти ҷалбгардида ва истифодабарандагони ваколатдор машљулиятҳо гузаронад.

6. Мақомоти ҷалбгардида бо мақсади таъмини ҳамкории иттилоотӣ, вазифадоранд:

— на камтар аз як маротиба дар як моҳ ба «Маркази Равзанаи ягона» дар хусуси талаботи танзимкунанда, арзиши сертификатҳо ва таљйирот дар ҳайати кормандони масъули «Маркази Равзанаи ягона», ки дар ҳамкорӣ бо Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ба қайд гирифта шудаанд (минбаъд — корманди масъули мақоми ҷалбгардида) маълумот пешниҳод намоянд;

— аризаҳоро барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ки ба воситаи Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» тибқи расмиёти муқарраргардида ворид шудаанд, қабул ва коркард намоянд;

— ба кормандони «Маркази Равзанаи ягона» барои санҷиши мунтазами таҷҳизоте, ки ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» пешниҳод гардидааст, иҷозат диҳанд;

— дар бораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳои додашуда, дар ҳолати бевосита ба мақомоти ҷалбгардида муроҷиат намудани аризадиҳанда ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» маълумот ворид намоянд;

— ба аризадиҳанда ё кормандони «Маркази Равзанаи ягона» дар мўхлати се соати-корӣ аз вақти гирифтани тасдиқот дар бораи пардохт намудани хизматрасониҳо ба воситаи Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат диҳанд.

3. Талабот ба тартиби бақайдгирӣ, қабули аризаҳо барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ва барасмиятдарории дархосту огоҳиномаҳо

7. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки ариза ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ фиристодашавандаро оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои воридот, содирот ва транзити молҳо:

— мустақилона тавассути веб-сайти «Маркази Равзанаи ягона» бо истифода аз маълумоти бақайдгирӣ ба дархосткунанда аз ҷониби «Маркази Равзанаи ягона» барои дастрасӣ ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» додашуда, бо тариқи пур кардани аризаи электронӣ ва нусхабардории ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ фиристодашавандаи аслӣ, ки аслияти он ба воситаи имзои электронии рақамии (ИЭР) аризадиҳанда тасдиқ мегардад, пешкаш намояд;

— бевосита ба шўъбаи дар минтақа будаи «Маркази Равзанаи ягона» муроҷиат намояд, ки корманди Марказ (оператори Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона») ҳуҷҷатҳоро қабул намуда, аслӣ ва эътимоднок будани онҳоро санҷида, маълумотҳои аризадиҳандаро ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ворид намояд ва бетаъхир ба мақомоти ҷалбгардида ирсол кунад. Ин амалиёт дар ҳолати пурра ва эътимоднок будани ҳамаи маълумотҳо на зиёда аз 10 дақиқа бояд давом кунад. Мақомоти ҷалбгардида гирифтани дархости Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» -ро тасдиқ намуда, дар давоми як рўзи корӣ аз вақти гирифтани огоҳиномаи Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» шахси масъули иҷрокунандаро таъин намояд»;

— бевосита ба мақомоти ҷалбгардида муроҷиат намояд, ки дар он ҷо шахси масъул бояд бастаи хуҷҷатҳоро аз аризадиҳанда қабул намуда ба қайд гирад ва боварӣ ҳосил кунад, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо пешниҳод гардидаанд, сипас онҳоро барои баррасии дохилиидоравӣ медиҳад.

8. Тартиби бақайдгирӣ, қабули аризаҳо барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо мутобиқи талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

9. Оператори Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ё корманди масъули мақомоти ҷалбгардида бояд маълумот ва ҳуҷҷатҳоро тибқи рамзҳои Номгўи молии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона»ворид намояд.

Дар ҳолатҳои зарурӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои мушоиятшавандаро, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё сертификат зарур мебошанд, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ворид намоянд.

10. Дастрасӣ ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона»-ро танҳо муштариёне дошта метавонанд, ки дар Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ба қайд гирифта шудаанд ва рақами мушаххаси андозсупорандаи онҳо дар система аз санҷиш гузашта бошад. Рақами мушаххаси андозсупорандаи аризадиҳанда дар ҳар як ҳолати муроҷиати минбаъда ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» таҳти санҷиш қарор дода мешавад.

11. Аризадиҳанда бо талаби оператори Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ё шахси масъули мақомоти ҷалбгардида (агар ариза ба воситаи мақомоти ҷалбгардида пешниҳод гардида бошад) маълумот ё ҳуҷҷатҳои нопурра бударо бояд пешниҳод намояд.

12. Оператори Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ё корманди масъули мақомоти ҷалбгардида ҳуқуқ надоранд, ки аз аризадиҳанда ҳуҷҷат ва маълумотҳои дар Қоидаҳои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат пешбининашударо талаб намоянд. Қабули ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат барои камбудии ночиз, ки ба маълумотҳои дар хуҷҷатҳо буда таъсир расонида наметавонад, рад карда намешавад.

13. Аризадиҳанда барои эътимоднок ва боваринок будани ҳуҷҷату маълумотҳои пешниҳодшаванда масъул мебошад.

14. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки рўз, вақт ва ҷои гирифтани намунаи мол (чошниро) барои гузаронидани санҷиши озмоишӣ, ки аз ҷониби Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» байни мақомоти ҷалбгардида мувофиқа карда мешавад, интихоб намояд.

15. Аризадиҳанда метавонад, ки аз «Маркази Равзанаи ягона» ва ё шўъбаҳои минтақавии он нусхаи аслии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатро гирад.

16. Дар ҳолати рад намудани додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ба аризадиҳанда мактуби ҷавобӣ ба воситаи Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» бо нишон додани сабабҳои асоснокшуда ирсол карда мешавад. Сабабҳо ва асосҳои рад намудани ариза бояд ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў бошад.

17. Ҷавоби ариза оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё сертификат ва ё рад намудани ариза бояд дар Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ворид карда шавад, қатъи назар аз он, ки ариза ва маълумотҳо ба воситаи Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ё бевосита ба мақомоти ҷалбгардида ворид шуда буданд.

18. Аризадиҳанда ҳангоми ба итмом расидани ҷараёни дода шудани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё сертификат вобаста ба мақсади фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, метавонад ба воситаи Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» маълумотҳоро дар бораи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё сертификат барои декларатсиякунонии электрории гумрукӣ пешниҳод намояд.

19. Мўҳлати баррасии ариза аз ҷониби мақомоти ҷалбгардида аз вақти ворид шудани дархости Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» на зиёда аз даҳ рўзи кориро ташкил медиҳад.

20. Ташхиси гирифтани чошнӣ ва намунаи молҳо барои гузаронидани санҷиши озмоишӣ бояд дар мўҳлатҳои муқарраргардидаи дохилиидоравӣ, вале на зиёда аз як рўзи корӣ ба амал бароварда шавад.

21. Мўҳлатҳои гузаронидани санҷиши озмоишим молҳо дар асоси талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қоидаҳои дохилиидоравӣ муқаррар карда мешаванд.

22. Вақт ва ҷои ирсоли ахбороти электронӣ, бо созишномаи ҷонибҳо муқаррар карда мешавад. Агар дар созишномаи ҷонибҳо тарзи дигари муросилот пешбинӣ нагардида бошад, он гоҳ вақти ирсоли ахбороти электронӣ ба Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» вақти аз сурољаи ирсолкунанда берун шудани дархост ба ҳисоб меравад. Вақти қабули маълумоти электронӣ он вақт ҳисоб карда мешавад, ки дархост ба сурољаи электронии қабулкунанда ворид мегардад ва ў аз ворид шудани маълумоте, ки ба сурољааш ворид шудааст, огоҳ мегардад.

23. Санаи ирсоли ахбороти (дархости) электронӣ рўзи бақайдгирии он дар Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» мебошад.

4. Тартиби ба амал баровардани пардохтҳо дар Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона»

24. Мақомоти ҷалбгардида баъди ҳисоб намудани маблаљи аз ҷониби аризадиҳанда пардохтшаванда барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, фавран ба воситаи Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ба аризадиҳанда ҳисобномаи пардохт дар низоми худкор барои назорати минбаъда ва бо рақами ягона таҳия ва пешниҳод менамояд.

25. Ҳисобномаи пардохт арзиши ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, хизматрасонӣ барои ташхис ва гирифтани намунаи молҳо, барои гузаронидани санҷиши озмоишӣ (лабораторӣ) ва дигар хизматрасониҳо (дезинфексия, фумизатсия ва љ.)-ро дар бар мегирад.

26. Миқдор ва шакли пардохт барои сертификат, хизматрасонӣ оид ба муоина ва гирифтани намунаи молҳо барои гузаронидани санҷиши озмоишӣ ва дигар хизматрасониҳо мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Пардохт барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, дар асоси талаботи қонунугузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

27. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад баъди гирифтани ҳисобномаи пардохт аз Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» тарзи ба ў қулайи пардохти маблаљро (ба тариқи нақдӣ ё љайринақдӣ) интихоб намояд.

28. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад дар давоми панҷ рўзи корӣ аз вақти гирифтани ҳисобномаи пардохт ба суратҳисоби мақомоти ҷалбгардида ё суратҳисоби муттаҳидонидашудаи «Маркази Равзанаи ягона» маблаљи пардохтшавандаро гузаронад.

29. Системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» бо тариқи худкор, ҳангоми ворид шудани пардохтҳо ба суратҳисоби бонкӣ ё хазинавии мақомоти ҷалбгардида ва тасдиқи пардохти пурра ба мақомоти ҷалбгардида хабар мерасонад.

30. Вақти амалишавии пардохтҳо ба суратҳисоби бонкӣ ворид шудани маблаљҳои пулӣ ба ҳисоб меравад.

31. Ба мақомоти ҷалбгардида дар давоми як рўзи корӣ пас аз гирифтани тасдиқоти пардохти хизматрасониҳо ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё сертификат ва ё мактуби радкунанда медиҳад.

32. «Маркази Равзанаи ягона» ўҳдадор аст, ки ба мақомоти ҷалбгардида аз суратҳисоб нусхаи пардохтҳо ва муқоисаи онҳоро дар давоми ҳафт рўзи баъди ба итмом расидани моҳи тақвимӣ пешниҳод намояд.

5. Талабот оид ба ҳифзи маълумотҳо

33. «Маркази Равзанаи ягона» ва мақомоти ҷалбгардида ўҳдадор мебошанд, ки бо роҳи маҳдуд намудани дастрасии истифодабарандагони бақайдгирифтанашуда бехатарӣ ва амнияти иттилоотро таъмин намоянд.

34. Иттилооте, ки аз ҷониби кормандони «Маркази Равзанаи ягона» ва мақомоти ҷалбгардида тибқи Қоидаҳои мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд, танҳо ба мақсади хизматӣ истифода бурда мешаванд.

35. Кормандони «Маркази Равзанаи ягона» ва мақомоти ҷалбгардида ҳуқуқ надоранд, ки иттилооти хусусияти сирри хизматӣ ё тиҷоратидоштаро фош намоянд ё ба мақсади шахсӣ истифода баранд.

36. Иттилооти махфӣ бе розигии тарафҳои манфиатдор ба шахси сеюм фош карда намешавад. Тартиб ва шакли пешниҳоди иттилооти махфӣ мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

37. Кормандони «Маркази Равзанаи ягона» ва мақомоти ҷалбгардида барои фош намудани иттилооти хизматӣ ё иттилооти хусусияти сирри тиҷоратӣ дошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

6. Мониторинг

38. Мониторинги тартиби ҳамкории иттилоотии «Маркази Равзанаи ягона» ва мақомоти ҷалбгардида аз ҷониби Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010, №503 тасдиқ шудааст, тибқи муқаррароти қарори мазкур ба амал бароварда мешавад.

39. Маълумоти асосшаванда барои баҳодиҳии фаъолияти «Маркази Равзанаи ягона» ва мақомоти ҷалбгардида ҳисоботҳое мебошанд, ки ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ташкилкунандаи фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз ҳар семоҳа пешниҳод карда мешаванд.

7. Ҷавобгарӣ барои риоя, накардани Қоидаҳои мазкур

40. Кормандони «Маркази Равзанаи ягона» ва мақомоти ҷалбгардида ўҳдадор мебошанд, ки Қоидаҳои мазкурро риоя намоянд.

41. Барои риоя накардани Қоидаҳои мазкур кормандони «Маркази Равзанаи ягона» ва мақомоти ҷалбгардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

42. Масъалаҳои баҳснок бо созишномаи ҷонибҳо ҳаллу фасл карда мешаванд.

Ҳангоми ба мувофиқа нарасидани ҷонибҳо масъалаҳои баҳснок ба муҳокимаи Кумитаи ҳамоҳангсоз пешниҳод карда мешаванд.