Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки бо пешниходи ширкати “25 Солагии Истиқлолият” дар асоси Фармоиши Сардори Хадамоти гумрук аз 28 майи соли 2025, №Ф77 коргузории дар Хадамоти гумрук вобаста ба бақайдгирии содироти нахи пахта, аз ҳомили коғазӣ пурра ба электронӣ гузаронида шуд.
Бинобар ин, аз истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” хоҳиш менамоем, ки таклиф ва арзу шикоятҳои хешро оид ба фаъолияти низом ба нишони электронии info@swcustoms.tj ирсол намоед.