Муваққатан дастнорас гаштани Низом

Бо арзи эҳтиром ба маълумоти истифодабарандагони низоми“Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки хизматрасонии шабакаи интернетии пушидаи низом тибқи шартнома аз ҷониби ширкати “Вавилон-Т” таъмин мегардад. Дар ин раванд бо назардошти ба макони нав кучонида шудани ҶСК “Тоҷиктелеком” (ҳамоҳангсози таъминоти интернетӣ дар кишвар) ва зарурати ба ҷои нав кучонидани хати оптикии ширкати “Вавилон-Т” дар баъзе ҳолатҳо ба муҳлати кутоҳ таъминоти низом бо интернети пушида қатъ гардида истодааст. Аз руи маълумоти ширкати мазкур камбудиҳои техники дар муҳлати кутоҳ бартараф шуда, таъминоти интернет ба низом чун пештара устувор хоҳад буд.
Дар замима мактуби ҷавобии ширкати “Вавилон-Т” замима мегардад.

Бо эҳтиром,
Маъмурияти
КВД “Маркази Равзанаи ягона”