Пурсишнома оиди фаъолияти низоми “Равзанаи ягона”

Пурсишнома

оиди пешниҳоди таклиф ва арзу шикоятҳо аз тарафи истифодабарандагон давоми 6 моҳи аввали фаъолияти низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ

 

        Аз истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягона” хоҳиш менамоем, ки дар асоси таҷрибаи истифодаи он тули 6 моҳи сипаригашта, таклиф ва арзу шикоятҳои хешро оиди фаъолияти низом ва сатҳу сифати баррасии дархостҳои Шумо дар мақомоти шомилшуда, ба унвони КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук пешниҳод намоед.

  Камбудӣ ва норасогиҳои ҷойдошта, ба унвони ширкати барномасози “АйЮНетворкс” ва роҳбарияти мақомоти ба низом шомилшуда, манзур мегарданд:

1. Баъд аз ҷорӣ гаштани низом дар раванди ҳамгироии Шумо бо мақомоти шомилшуда беҳбудӣ, пеш аз ҳама сарфаи вақт ба назар мерасад? (агар “Не” бо кадом сабаб?)

2. Муҳлати гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат аз мақомоти шомилшуда кам шуд? (агар “Не” бо кадом сабаб?)

3. Барои беҳсозии сатҳ ва сифати ҳамгироӣ бо мақомоти ба низом шомилшуда чи пешниҳодҳо доред?

4. Кадом паҳлуҳои низомиРавзанаи ягона” ба такмил ниёз доранд?

          Ҷавобҳои хешро ба нишони электронии info@swcustoms.tj ё swcustoms.tj@gmail.com ирсол намоед.

 

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук

Block title

Подробнее