Ҷори шудани хизматрасонии ирсоли паёмакҳои ройгон

Хабарнома

  Бо арзи эҳтиром ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягона” расонида мешавад, ки аз санаи 1 апрели соли 2021 ба телефонҳои мобилии ҳамаи истифодабарандагони низом оид ба ҳолатҳои “Пешниҳоди маълумоти иловагӣ, “Пардохти уҳдадорҳои молиявӣ”, “Раъд шудани дархост” ва “Қонеъ гаштани дархост” ва ғайра паёмакҳои (смс) ройгон ирсол мегарданд. Ҳамин тавр истифодабаранда аз рафти баррасии дархости худ дар мақомоти ба низом шомилшуда пурра хабардор хоҳад шуд.

Шумо метавонед ба қисмати “Маълумоти истифодабаранда”-и низом ворид шуда, хизматрасонии ройгони огоҳиномаи паёмакии (смс уведомления) худро фаъол намоед.

 

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук 

Block title

Подробнее