Хабарнома оиди қабули дархост ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳи ва сертификат аз мақомоти ба низом шомилшуда танҳо дар ҳомили электронӣ

Хабарнома

 

    Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягона” расонида мешавад, ки дар асоси талаботи банди 2-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №410 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”», аз 1 сентябри соли 2020 инҷониб ҳуҷҷатгузории 11 мақомоти ба низом шомилшуда дар самти барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ аз ҳомили қоғазӣ пурра ба электронӣ гузаронида шуд.

Дар ин замина, фармоиши сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти гумрук муҳтарам Каримзода Х.А. аз 17 сентябри 2020, №112-ф ба имзо расид. Тибқи банди 2-и фармоиши мазкур аз 1 сентябри соли 2020 ҷиҳати анҷом додани назорат ва барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, қабули ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификат аз мақомоти ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» шомилшуда, аз ҷониби нозирони барасмиятдарори гумрукӣ дар Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона (СИАЯ) танҳо дар шакли электронӣ тавассути низоми “Равзанаи ягона” анҷом дода мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз тарафи кормандони ҳама мақомоти ба низом шомилшуда ва нозирони барасмиятдарори гумрукӣ талаб кардани ҳуҷҷатҳои қоғазӣ аз субъектҳои хоҷагидор ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад.

Низоми «Равзанаи ягона» бо Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук ҳамгироӣ шуда, тамоми ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо бояд электронӣ талаб карда шаванд.

Тамоми кормандони барасмиятдарори гумрукӣ ва брокерон (декларантҳо) оиди тарзи истифодаи низоми “Равзанаи ягона” тариқи Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона омузонида шудаанд. Дар сурати зарурӣ ва нофаҳмӣ дар ин масъала КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук ба ҳамаи ҷонибҳои ҳавасманд кӯмаки амалӣ мерасонад.

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук