Муҳтарам истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”, аз номи КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук ҳамаи Шуморо самимона бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти тиҷоратӣ ва касбиятон муваффақият, пешравӣ ва дар хонадонатон хушбахтию тансиҳатӣ таманно дорем.
Иттилоъ медиҳем, ки аз оғози фаъолияти низом то инҷониб бо 1518 субъекти хоҷагидор шартномаи тарафайн ба имзо расида, 2716 истифодабаранда ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба 11 мақомоти ба низом шомилшуда 316 022 дархости шаклаш ягона ирсол гардидааст, ки аз ин шумора 73 620 ададаш ба соли 2025 дахл дорад. Дар натиҷаи баррасӣ, ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ 291 790 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо дар ҳомили электронӣ пешниҳод шудаанд, ки аз ин теъдод 65 260 ададаш давоми соли 2025 манзур гардидаанд.
Барои осон кардани раванди пур кардани ҳамёни электронии истифодабарандаи низом QR-рамзи замимаи мобилии “Фаври”-и “Коммерсбонк”, “Alif-Mobi”-и “Алиф-Бонк” ва “Эсхата Онлайн”-и “Бонки Эсхата” низ ҷорӣ шудааст.
Бо мақсади байналмилалӣ намудани фаъолияти низом, бо дастгирии Хадамоти гумрук дар марҳилаи аввал созишномаҳои байнидавлатӣ оиди мубодилаи электронии сертификатҳои тавлиди мол тавассути низомҳои электронии “Равзанаи ягона” ба Ҷумҳуриҳои Туркия, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ирсол гаштаанд.
Бо ин иқдом, зарурати пешниҳоди сертификати тавлиди мол ва ҳуҷҷатҳои тиҷоратии ба он замимашаванда дар ҳомили қоғазӣ аз байн рафта, тамоми муомилот байни мақомоти гумрук ва палатаҳои савдо ва саноат тавассути низомҳои электронӣ сурат мегирад.
Инчунин, соли 2025 дар низом модули нав вобаста коргузории Хадамоти гумрук оид ба бақайдгирии содироти нахи пахта аз шакли қоғазӣ ба электронӣ гузаронида шуд.
Дар ин замина, ба ҳамаи Шумо барои ҳамкории пурсамар дар соли 2025 изҳори миннатдорӣ намуда, умедворем, ки минбаъд низ барои дар сатҳи баланди ташкилию техникӣ нигоҳ доштани низоми “Равзанаи ягона барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” дар якҷоягӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ хоҳем кард.
Соли наватон муборак бошад!
Бо эҳтиром,
Тими “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук


