Ҳамгироии низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” бо низоми гумрукии “АСИКУДА”-и ҷаҳонӣ

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, аз 1 октябри соли 2025 низоми барасмиятдарории гумрукии “АСИКУДА”-и ҷаҳонӣ ҷиҳати барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт расман мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин замина, иттилоъ медиҳем, ки ҳангоми пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ дар сутуни 44 нишон додани рақами ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё сертификат ҳатмӣ мебошад.

Бинобар ин, аз ҳамаи Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки аризаҳои шаклаш ягонаи худро ба мақомоти шомилшуда, қабл аз ворид шудани молу воситаҳои худ ба ҳудуди гумрукӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намоед.

Зеро, аст ки истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” метавонанд аз тамоми нуқтаҳои дунё, аризаҳои шаклаш ягонаи худро ба мақомоти дахлдор пешакӣ ирсол намоянд.

Дар ҳолати саривақт корбарӣ нашудани аризаҳои шумо аз тарафи мақомоти ба низом шомилшуда, тибқи  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» функсияи «Регламенти баррасии ариза»- и низом ба таври худкор онро додашуда меҳисобад.