Ҷорӣ гаштани “QR-рамз” ҷиҳати пурра кардани ҳамёни электронӣ дар низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” тавассути функсияи “QR-сканер”-и замимаи мобилии “Фаври”, “Эсхата Онлайн” ва «Alif mobi»

Бо арзи эҳтиром ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”  мерасонем, ки аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ, пур кардани ҳамёни электронии истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” тариқи QR-рамзи 3-юми марказ ба роҳ монда шуд.

Акнун шумо метавонед, тавассути функсияи “QR-сканер” бо истифода аз замимаи мобилии  “Фаври”-и “Коммерсбонк” низ ҳамёни электронии хешро аз тамоми нуқтаҳои ҷаҳон пурра хоҳанд кард.

Қайд кардан зарур аст, ки аз 1-уми декабр соли 2024, пур кардани ҳамёни электронӣ тариқи QR-рамзи марказ бо истифода аз замимаи мобилии “Alif-Mobi”-и “Алиф-Бонк” ва аз 18-уми июни соли ҷорӣ тариқи замимаи мобилии “Эсхата Онлайн”-и “Бонки Эсхата” ҳам имконпазир мебошад.