Санаи 11.11.2025 cол мутахассисони марказ дар дарсҳои назариявию амалии Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди моҳият ва аҳамияти низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”, тартиби пешниҳод ва коркарди маълумотҳо тавассути он, ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинӣ мутахассисони барасмиятдарори гумрукӣ аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст иштирок карда, ба онҳо тартиби дурусти корбарӣ, роҳ надодан ба хатогиҳо ва тартиби истифодаи низоми “Равзанаи ягона” дар доираи низоми “АСИКУДА” ба пуррагӣ фаҳмонида шуд.
Иштирокчиёни дарс ба саволҳои худ ҷавобҳои пурра гирифтанд.




