Иттилоъ медиҳем, ки санаи 16 сентябри соли равон мутахассисони “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук дар дарсҳои назариявию амалӣ оид ба моҳият ва тарзи дурусти истифодабарии низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” дар Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинӣ мутахассисони барасмиятдарори гумрукӣ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, ба онҳо тартиби дурусти корбарӣ, роҳ надодан ба хатогиҳо, дарҷи дурусти рақами аризаи шаклаш ягона дар майдончаи “Рақами ҳуҷҷат”-и низоми “СИАЯ”, қайд кардани рақами аризаи алоқаманд дар сутуни 44-уми декларатсияи бори гумрукӣ фаҳмонида шуд.
Дар фарҷом иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои пурра гирифта, ҳавасмандии хешро ҷиҳати кор бо низоми электронӣ, иброз намуданд.