Иштироки мутахассисони КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук дар Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ дар вилояти Иссык-Кул

Санаҳои 3–5 сентябри соли 2025, дар вилояти Иссык-Кул Ҷумҳурии Қирғизистон Конфронси 2-юми байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ дар гумрук баргузор гардид. Дар кори конфронс ҳайати Хадамоти гумрук назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати зерин иштирок намуд:

• Шодиён Сафар Раҳматуллозод – майори хадамоти гумрук, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ва такмили системаҳои иттилоотии Маъмурияти СИАЯ (роҳбари гурӯҳ);

• Давлатов Асрор Сайаламович – лейтенанти хадамоти гумрук, нозири Маъмурияти СИАЯ;

• Шакиров Шуҳрат Алишерович – сардори шуъбаи маъмурикунонӣ ва нигоҳдории низом, КВД «Маркази Равзанаи ягона».

Дар конфронс коршиносон ва намояндагони мақомоти гумруки 9 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, таҷриба ва дастовардҳои худро дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, мавзуъҳои марбут ба идоракунии хавфҳо, рақамикунонӣ, гумруки ҳушманд ва татбиқи технологияҳои навин дар фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳайати Тоҷикистон зимни баргузории конфронс таҷрибаи кишварро дар самти модернизатсия ва рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, махсусан истифодаи зеҳни сунъӣ дар системаи идораи таваккал, муаррифӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040, Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва Барномаи рушди миёнамуҳлати мақомоти гумрук барои солҳои 2025–2029 тадриҷан унсурҳои зеҳни сунъиро ба раванди гумрукӣ ворид менамояд.

Иштироки мутахассисони миллӣ дар чунин чорабиниҳо имконият фароҳам меорад, ки таҷрибаи кишварҳои пешсаф мавриди омӯзиш қарор гирифта, замина барои татбиқи муваффақонаи ислоҳоти рақамӣ дар фаъолияти гумрукӣ фароҳам гардад.