Номаи табрикоти

Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки имрӯз 1 сентябри 2025 сол, 5- умин солгарди фаъолияти муваффақ ва босамари низом мебошад.
Дар ин давра, дар асоси таклифу пешниҳодҳои Шумо ва иқдомҳои мутахассисони марказ низом батадриҷ такмил ёфта, ба баррасии 10 мамлакатҳои шарики тиҷоратӣ лоиҳаи созишнома оиди мубодилаи электронии сертификатҳои тавлиди мол тавассути низомҳои электронии “Равзанаи ягона” манзур шудааст. Итминон дорем, ки моҳҳои наздик низом мақоми байналмилариро касб мекунад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи Шумо барои ҳамкории судманд ва дастгирии доимӣ миннатдорӣ баён менамоем.

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук