Иттилоъ медиҳем, ки санаи 16 июли соли равон мутахассисони “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук дар дарсҳои назариявию амалӣ оид ба моҳият ва тарзи дурусти истифодабарии низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” дар Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур мутахассисони барасмиятдарори гумрукӣ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, ба онҳо тартиби дурусти корбарӣ, роҳ надодан ба хатогиҳо, дарҷи дурусти рақами аризаи шаклаш ягона дар майдончаи “Рақами ҳуҷҷат”-и низоми “СИАЯ”, қайд кардани рақами аризаи алоқаманд дар сутуни 44-уми декларатсияи бори гумрукӣ фаҳмонида шуд.
Инчунин, дар раванди омӯзиш ба иштирокчиён Дастурамали иҷрои пайдарпайи амалҳо ва тарзи истифодабарии модули “Бақайдгирии содироти нахи пахта” дар низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” ба пуррагӣ фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки бо ташаббус ва дастгирии Хадамоти гумрук, аз ҷониби мақомоти ба низом шоимилшуда бастаи ҳуҷҷатҳо дар ҳомили қоғазӣ талаб карда нашуда, тавассути низоми “Равзанаи ягона” дар шакли электронӣ ирсол мегарданд, ки аз ин амал мутахассисони барасмиятдарори гумрукӣ ва ҳам иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ қаноатманд мебошанд.
Дар фарҷом иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои пурра гирифта, ҳавасмандии хешро ҷиҳати кор бо низоми электронӣ, иброз намуданд.