Ҷорӣ гаштани “QR-рамз” ҷиҳати пурра кардани ҳамёни электронӣ дар низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” тавассути функсияи “QR-сканер”-и замимаи мобилии “Эсхата Онлайн” ва «Alif mobi»

Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки аз 18-уми июни соли ҷорӣ инҷониб Шумо метавонед тавассути функсияи “QR-сканер”-и замимаи мобилии “Эсхата Онлайн”-и “Бонки Эсхата” ҳамёни электронии хешро аз тамоми нуқтаҳои ҷаҳон пурра намоед.

Қайд кардан зарур аст, ки аз 1-уми декабри соли 2024, пур кардани ҳамёни электронӣ тариқи QR-рамзи марказ тариқи замимаи мобилии “Alif-Mobi”-и “Алиф-Бонк” низ роҳандозӣ шудааст.