Ивазшавии нархномаи ҳаққи хизматрасонии КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук

Дар асоси банди 4.5-и шартномаи тарафайн, ба маълумоти субъектҳои хоҷагидори истифодабарандаи низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки бо назардошти дурнамои хароҷотҳои корхона дар соли 2024 ва солҳои минбаъда (нигоҳдории таҷҳизотҳои серверии асосию эҳтиётӣ, дастгирии таъминоти барномавӣ, фонди захиравӣ барои хариди ҷиҳози техникаи нав, истифодаи интернет ва дигар масрафҳо), дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.01.2024c. маблағи ҳаққи хизматрасонии КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук аз 7-уми феврали 2024 сол, 200 (дусад) сомониро ташкил хоҳад дод.

Бояд қайд кард, ки ин маблағ ҳадди ниҳоӣ буда, солҳои минбаъда ҳаққи хизматрасонии КВД “Маркази Равзанаи ягона” -и Хадамоти гумрук барои нигоҳдории техникию ташкилии низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” дигар афзоиш нахоҳад ёфт.

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук