Иштирок дар дарси Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумрук

Санаи 11.12.2023.c дар Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук дар дарсҳои назариявию амалӣ оиди фаъолияти низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат варзиданд.

Дар ин чорабинӣ, 27 нафар нозирони навтаъини гумрукӣ иштирок карда, ба онҳо маълумоти умумӣ, принсипи кор ва имкониятҳои низоми “Равзанаи ягона” ба пуррагӣ фаҳмонида шуд.

Мутахассисони ҷавон ва умедбахши Хадамот ба кори низом таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тасмим гирифта шуд, ки дарси навбатӣ бо ҳайати мазкур бо усули амалиявӣ гузаронида мешавад.