Дархост аз истифодабарандаи низоми «Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук

Аз истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” хоҳиш менамоем, ки ҳангоми муайян кардани камбудӣ ва норасогиҳо дар низом, ба КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук оҷилан муроҷиат намоед. Масъалан, санаи 16 ноябри соли равон аз тарафи мутахассиси ширкати брокерии ҶДММ “Лайс” Қодиров Хуршед оиди мухолифати рамзи молии “4421909800” ба мақомоти марбута, хабар дода шуд ва имрӯз камбудӣ бартараф гардид. Хоҳишмандем, ба телефонҳои доимамалкунандаи 778885000 ва 778885005 бо реҷаи 24/7 тамос гиред ва барои такмили низом, ки баҳри содагардонии расмиёти савдо ва беҳсозии фазои соҳибкорӣ ҷорӣ шудааст, бо мо наздик ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ кунед.

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук