Баргузории чорабини оид ба беҳтар намудани бизнес-равандҳои мақомоти ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ» шомилшуда

….С анаи 10 майи cоли 2023 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и ш.Душанбе ҳамоиш оид ба натиҷаи таҳлили бизнес-равандҳои мақомоти ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ» шомилшуда, баргузор гардид.

    Дар кори он масъулини воҳидҳои дахлдори мақомоти шомилшуда иштирок карда, ба таҳлил ва тавсияҳои коршиноси байналмилалӣ, ки аз ҷониби барномаи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба тиҷорат дар Осиёи марказӣ (USAID TCA) ҷалб шудааст, баҳои баланд дода шуда, татбиқи амалии онҳоро ба манфиати кор арзёбӣ карданд.

    Ҳисоботи ниҳоӣ оиди таҳлили зикршуда бо пешниҳодҳо оиди такмили бизнес-равандҳои мақомоти ба низом шомилшуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур хоҳад шуд.