Иштирок дар чорабинии минтақавӣ оид ба бозбинии имкониятҳои табодули сертификатҳои истеҳсолии мол байни кишварҳои Осиёи Марказӣ

  …….Санаи 15-16 феврали соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷаласа оид ба бозбинии имкониятҳои табодули сертификатҳои истеҳсолии мол байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Маркази байналмилалии савдо (ITC) гузаронида шуд.

…….Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ намояндагони минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Палатаи савдо ва саноат ва КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук, иштирок намуданд.

…….Дар раванди ҷаласа аз ҷониби мутахассисони Маркази байналмилалии савдо ва Палатаи байналмилалии савдо (ICC) гузоришҳо оид ба мушкилиҳои табодули электронии сертификатҳои истеҳсоли мол дар Осиёи Марказӣ ва имконият барои гузаштан аз низоми сертификатсияи қоғазӣ ба низоми сертификатсиякунонии электронӣ (сифровизатсия) муаррифӣ шуда, таклифу пешниҳодҳо бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ манзур гардиданд.

…….Дар рафти нишасти минтақавӣ аз ҷониби директори КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук дар мавзӯи “Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификат ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт дар Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона бо истифода аз низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рунамо (презентатсия) муаррифӣ карда шуд.

…….Дар хотимаи чорабинии минтақавӣ бо мақсади баланд бардоштани шаффофияти талаботҳои сарҳадӣ, аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ, рушди иқтидори савдо ва беҳтар намудани савдои электронӣ, аз ҷониби иштироккунандагон пешниҳодҳои зерин манзур карда шуд:

…….— дар ҳар як давлати Осиёи Марказӣ ба мисли Тоҷикистон ҷорӣ намудани низоми сертификатсиякунонии электронии истеҳсоли мол;

…….— ба имзорасонии созишномаҳои дутарафа ё бисёртарафа оид ба мубодила ва эътирофи сертификатҳои электронии истеҳсоли мол байни кишварҳои Осиёи Марказӣ;

…….Тасмим гирифта шуд, ки харитаи роҳ (дорожная карта) оид ба татбиқи пешниҳодҳои боло таҳия шуда, низомҳои электронӣ ҳарчӣ зудтар таҳия ва байни худ ҳамгироӣ шаванд.