Қабули ҳуҷҷатҳои коғазӣ аз тарафи мақомотҳои шомилшуда

Ба маълумоти истифодабарандагони низоми  “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” бори дигар расонида мешавад, ки дар асоси талаботи  банди 1-и  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №410 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми  “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”», аз 1 сентябри соли 2020 инҷониб  ҳуҷҷатгузории 11 мақомоти ба низом шомилшуда дар самти  барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, аз ҳомили қоғазӣ  пурра ба электронӣ  гузаронида шудааст.

Бинобар ин, ҳангоми қабули дархости шаклаш ягонаи Шумо тавассути низом, ягон корманди мақомоти ба низом шомилшуда барои пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ҳуқуқи талаб кардани ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ дар ҳомили қоғазиро надорад. Тамоми мукотибот ва муоширати Шумо бо масъулини баррасии дархост аз тарафи мақомот бояд тариқи электронӣ анҷом дода шавад.

Дар сурати дучор шудан ба ҳолати тақозои ҳуҷҷатҳо дар ҳомили қоғазӣ, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки бо далелҳои мушаххас оҷилан ба КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук муроҷиат кунед.

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и

Хадамоти гумруки назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон