Иштирок дар дарси бозомӯзии низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”

Иштирок дар дарси бозомӯзии низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” ба мутахассисони мақомоти гумрук дар Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумрук

Санаи 09.06.2022.c бо даъвати Донишкадаи такмили ихтисоси назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук дар дарсҳои назариявию амалӣ дар мавзӯи “Тартиби дурусти истифодабарии низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат варзиданд. Дар ин чорабини 15 нафар мутахассисони мақомоти гумрук иштирок карда ба онҳо тарзи дурусти истифодабарӣ, принсипи кор ва имкониятҳои низоми “Равзанаи ягона” ба пуррагӣ омузонида шуда, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Минбаъд низ мавзӯи низоми “Равзанаи ягона” яке аз қисматҳои асосии дарсҳои бозомӯзии донишкадаи болозикр ба ҳисоб рафта, мутахассисони корхона ҷиҳати истифодаи самарабахши низом ва аҳамияти он дар рушди тиҷорати беруна, аз тарафи мутахассисони мақомоти гумрук ва ширкатҳои брокерӣ тадбирҳои доимӣ меандешанд.