Тағйирёбии нархномаи хаққи хизматрасонии низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”

Ба маълумоти субъектҳои хоҷагидори истифодабарандаи низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки бо назардошти хароҷотҳои корхона дар соли 2022 ва солҳои минбаъда (нигоҳдории таҷҳизотҳои серверии асосӣ, эҳтиётӣ, таъминоти барномавӣ ва дигар масрафҳо), дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ аз 12.01.2022с. маблағи ҳаққи хизматрасонии КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук аз 01 апрели 2022 с. 90 сомониро ташкил хоҳад дод.