Ҳамгироии низоми «Равзанаи ягона» бо ширкати «Пайванд Групп»

Хабарнома

  Бо арзи эҳтиром ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягона” мерасонем, ки аз 12 марти соли 2021 инҷониб низом бо таъминоти барномавии ширкати “Пайванд Групп”, ки дар бозори интиқоли маблағҳои электронӣ мавқеи намоён дорад, ҳамгироӣ шудааст. Истифодабарандагони низом имкон доранд тавассути зиеда аз 5000 терминалҳои пардохтии ширкати мазкур дар саросари кишвар маблағи ҳаққи хизматрасонии КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрукро ба осонӣ пардохт намоянд.

Навовариҳои зикршуда барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон ва ҳавасмандии Шумо барои кор бо низом боис хоҳад гашт.

 

Бо эҳтиром,

Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук

 

Block title

Подробнее