Оғози давраи омӯзишии истифодаи низом дар дастгоҳи марказии Агентии “Тоҷикстандарт” ва сохторҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади омӯзонидани тарзи истифодаи низом аз тарафи мақомоти шомилшаванда ва ба ин васила такмили муҳтавои он дар асоси пешниҳодҳои истифодабарандагон, аз 1 апрели соли 2020 дар дастгоҳи марказии Агентии “Тоҷикстандарт” ва сохторҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ оғоз гардид.

Дар натиҷа, ба ҳолати 30.04.2020сол, 55 мутахассиси сохторҳои болозикр омӯзонида шуданд. Баъд аз анҷом, мутахассисони ширкати барномасоз бо мусоидати кормандони “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук бо ин мақсад ба вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои дахлдори тобеъи ҷумҳурӣ, ташриф меоранд.