Договор с УВЭД

 

 

№______ аз _____________2021 с.

 

Шартномаи

истифодабарии низоми «Равзанаи
ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд «Марказ» номида мешавад, дар
шахсияти директор Л.Файзуллозода, ки дар асоси Оиннома амал мекунад ва
_________________________________________, ки минбаъд «Истифодабаранда» номида
мешавад, дар шахсияти ______________________, ки дар асоси ___________ амал
мекунад, аз тарафи дигар, дар якҷоягӣ «Тарафҳо» номида мешаванд,
Шартномаи мазкурро ба таври зайл ба имзо расониданд.

 

1.
Мавзӯи Шартнома

1.1.Шартномаи мазкур ҳуқуқу уҳдадориҳои Марказ ва Истифодабарандаро ҳангоми кор бо низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд «Низом» номида мешавад, муайян менамояд.

 

2.
Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳо

2.1. Марказ ӯҳдадор аст:

1) Кормандони ба таври хаттӣ тавсияшудаи Истифодабарандаро ҷиҳати кор бо Низом омӯзонад ва дастрасӣ ба Низомро тибқи шартҳои Шартномаи мазкур таъмин намояд;

2) яклухтӣ ва тағйирнопазирии маълумоти Истифодабарандаро, ки ба Низом барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ворид шудааст, кафолат диҳад;

3) ба Истифодабаранда оид ба кор бо Низом тавассути телефон, почтаи электронӣ ва дигар воситаҳои алоқа сари вақт машварат диҳад;

4) Ҳангоми муроҷиат ба Марказ, дархостҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоеро,
ки барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо аз мақомоти шомилшуда зарур мебошанд, аз номи Истифодабаранда ба Низом ворид намояд;

5) Маълумоте, ки Истифодабаранда ба Низом барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо аз мақомоти шомилшуда ворид кардааст, ошкор накунад.

6) Ба Истифодабаранда фавран дар бораи пайдоиши нуқсонҳои техникӣ, ки бинобар онҳо иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи Шартномаи мазкур ғайриимкон аст, хабар диҳад;

7) Ба Истифодабаранда ҳангоми кор бо Низом кумаки техникӣ ва методӣ расонад.

2.2. Марказ ҳуқуқ дорад:

1) дар ҳолатҳои зерин бе огоҳӣ дастрасии Истифодабарандаро ба Низом қатъ намояд:

— риоя накардани шартҳои Шартномаи мазкур аз ҷониби Истифодабаранда;

— бо сабаби пайдоиши мушкилоти ғайричашмдошти хусусияти техникидошта ё ҳолатҳои вобаста ба бехатарӣ;

2) бо мақсади иҷрои корҳои профилактикӣ кори Низомро муваққатан боздошта, қаблан Истифодабарандаро ба воситаи почтаи электронӣ огоҳ намояд.

3) Маълумотро аз Низом ба мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ, пешниҳод намояд.

2.3. Истифодабаранда уҳдадор аст:

1) Рамзи дастрасӣ (пароль) ба Низом ва ҳифзи истифодаи беиҷозати он аз ҷониби шахсони дигарро таъмин намояд. Дар сурати бе иҷозати Истифодабаранда дастрасӣ пайдо кардани шахсони сеюм ба Низом, ба таври фаврӣ Марказро хабардор намояд, то ин, ки дастрасӣ ба Низом баста шуда, рамз иваз гардад;

2) Пас аз ҳар як маротибаи кор дар Низом, ба таври зарурӣ ва бехатар аз сабти баҳисобгирии (утоқи электронӣ) худ хориҷ шавад.

3) Махфияти рамзи истифодашаванда ва дигар воситаҳои мушобеҳсозиро (логин ва пароль) таъмин намояд.

4) Марказро фавран оиди ҳама гуна ҳолати дастрасии беиҷозат ба Низом бо истифода аз сабти баҳисобгирии он ва ё ҳама гуна вайронкунии (гумонбарии вайронкунии) махфияти рамз ва дигар воситаҳои мушобеҳсозии худ, огоҳ созад.

5) Ба Марказ ҳаққи хизматрасонии истифодаи Низомро сари вақт пардохт намояд;

6) Дар доираи як дархости шаклаш ягона ба мақомоти шомилшуда ҷиҳати гирифтани як намуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ду маротиба зердархост ирсол нанамояд. 

2.4. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад:

1) Ба Марказ оид ба фаъолияти Низом дархост ирсол намояд, инчунин оиди истифодаи Низом тавассути телефон, почтаи электронӣ ва

дигар воситаҳои алоқа, машваратҳои ройгон гирад.

2) Оиди иҷрои нопурраи хизматрасонии Марказ ба почтаи электронии он — info@swcustoms.tj шикоят фиристад. Истифодабаранда дар бораи натиҷаи баррасии шикоят на дертар аз 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз санаи ирсоли он, тавассути почтаи электронӣ хабардор карда мешавад.

 

3. Бақайдгирии Истифодабаранда дар Низом

3.1. Бақайдгирӣ дар Низом пас аз пешниҳоди маълумоти зерин аз тарафи Истифодабаранда, сурат мегирад.

— нусхаи иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз;

— нусхаи РМА-и ташкилот;

— нусхаи замимашудаи шиносномаҳои роҳбари ташкилот, кормандон ва шахсони расман вобасташудаи он;

— суроғаи расмии почтаи электронӣ ва рақамҳои телефони ташкилот.

3.2. Бақайдгирии Истифодабарадагони иловагӣ аз номи ташкилот, дар асоси дархости он тариқи почтаи электронии расмӣ анҷом дода мешавад.

 

4. Арзиш ва тартиби пардохти хизматрасонии Марказ

 

4.1. Арзиши хизматрасонии Марказ барои ирсоли ҳар як Дархости шакли ягона ба мақомоти шомилшуда тавассути Низом аз ҷониби Истифодабаранда, 59 сомонӣ тибқи низоми соддакардашудаи андоз (6%) ва 70 сомонӣ тибқи низоми умумӣ (18%)- ро ташкил медиҳад.

4.2. Пардохти ҳаққи хизматрасонии Марказ аз тарафи Истифодабаранда тавассути ҳамёни электронии он дар низом ва дигар воситаҳои муқаррарӣ ба амал бароварда мешавад.

Маблағҳои амонатии Истифодабаранда дар ҳамёни электронӣ бояд на камтар аз 59 сомонӣ тибқи низоми соддакардашудаи андоз (6%) ва 70 сомонӣ тибқи низоми умумӣ (18%)- ро ташкил диҳанд.

4.3. Маълумоти тафсилотӣ оиди пардохтҳои Истифодабаранда аз ҳамёни электронӣ, дар утоқи шахсии электронии он дар Низом, инъикос мегардад. Пурра кардани ҳамёни электронии Истифодабаранда, тавассути суратҳисоби бонкӣ, посттерминалҳои пардохтӣ, бо таври нақдӣ ва тавассути Низом бо истифода аз корти бонкӣ, имконпазир аст.

4.4. Маълумот дар бораи арзиши хизматрасониҳои Марказ, дар сомонаи интернетии www.swcustoms.tj ҷойгир карда шудааст.

4.5. Тағйирот дар арзиши хизматрасонӣ баъди 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи огоҳ кардани Истифодабаранда тавассути почтаи электронии расмии он ва дар сомонаи Марказ нашр шудани маълумоти дахлдор, амалӣ мегардад.

4.6. Дар сурати бекор кардани Шартномаи мазкур, маблағи пешпардохт тибқи банди 4.2 бо тартиби муқарраргардида ба Истифодабаранда баргардонида мешавад. Маблағи пешпардохти Истифодабаранда, дар асоси муроҷиати хаттии он низ бозпас карда мешавад.

5. Масъулияти Тарафҳо

 

5.1. Тарафҳо барои иҷро накардан ё иҷрои нопурраи уҳдадориҳои худ аз рӯи Шартнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ҷавобгар мебошанд.

5.2. Истифодабаранда барои тамоми амалҳо ва оқибатҳои онҳо, ки тавассути сабти баҳисобгирии Истифодабаранда бо истифода аз Низом содир шудаанд, инчунин дар мавриди ҳама ба ашхоси сеюм ихтиёран пешниҳод кардани дастрасӣ ба сабти баҳисобгирии худ, аз
ҷумла тибқи қарордодҳо ва созишномаҳо, масъул аст. Ҳамаи амалҳо бо истифодаи Низом, ки таҳти сабти баҳисобгирии Истифодабаранда иҷро мешаванд, ҳамчун аз ҷониби худи Истифодабаранда иҷрошуда ҳисобида мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Истифодабаранда Марказро дар бораи дастрасии беиҷозат ба Низом бо истифода аз сабти баҳисобгирии Истифодабаранда ва ё ягон вайронкунии (эҳтимолияти вайронкунӣ) махфияти рамзи худ ва дигар воситаҳои мушобеҳсозӣ, пешакӣ огоҳ накарда бошад.
Марказ барои гумшавии эҳтимолии маълумот, инчунин дигар оқибатҳое, ки бинобар вайрон кардани муқаррароти ин қисми Шартнома ба амал меоянд, ҷавобгар намебошад.

5.3. Дар сурати пайдоиши ҳолатҳои рафънопазир, Тарафҳо барои иҷро накардан ё нопурра иҷро намудани уҳдадориҳои худ ҷавобгар намебошанд.

5.4. Ҳолатҳои рафънопазир тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд.

5.5. Дар сурати имконнопазир гаштани иҷрои уҳдадориҳои худ бо сабаби ба вуҷуд омадани ҳолатҳои рафънопазир, Тарафҳо бояд оиди рух додани чунин ҳолатҳо, якдигарро хабардор намоянд.

 

5.6. Иҷрои уҳдадориҳо пас аз бартараф шудани ҳолатҳои рафънопазир, идома дода мешаванд.

 

6. Ҳалли баҳсҳо

 

Ҳама баҳсҳо ё ихтилофот, ки байни Тарафҳо дар доираи Шартномаи мазкур ё вобаста ба он ба вуҷуд меоянд, ба воситаи гуфтушунид ва машваратҳо ҳал карда мешаванд. Дар сурати ба даст наовардани натиҷаи мусбӣ, ҳар яке аз Тарафҳо ҳуқуқ дорад ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд.

 

7. Мӯҳлати амал ва тартиби қатъи Шартнома

 

7.1. Шартномаи мазкур аз санаи ба имзо расидани он эътибор пайдо мекунад ва ба мӯҳлати бемаҳдуд баста мешавад.

7.2. Ҳар яке аз Тарафҳо метавонад аз иҷрои Шартномаи мазкур яктарафа даст кашад. Тарафе, ки хоҳиши катъи Шартномаро кардааст, бояд ба Тарафи дигар на дертар аз 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ пеш аз санаи эҳтимолии қатъ кардани он, бо тариқи хаттӣ ё электронӣ огоҳинома фиристад.

7.3. Аз лаҳзаи қатъи амали Шартнома, Истифодабаранда аз дастрасӣ ба Низом маҳрум мегардад.

 

8. Муқаррароти хотимавӣ

 

8.1. Дар ҳолати тағйир ёфтани ном, суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ ё дигар мушаххасот, Тарафи дахлдор бояд Тарафи дигарро дар давоми 3 (се) рӯзи корӣ аз санаи чунин тағйирот ба таври хаттӣ ё электронӣ огоҳ созад.

8.2. Тағйиру иловаҳо ба Шартномаи мазкур, ба таври хаттӣ ба расмият дароварда шуда, қисми ҷудонашавандаи он аз лаҳзаи имзои Тарафҳо ба ҳисоб меравад.

8.3. Шартномаи мазкур дар ду нусха таҳия шуда, ҳардуи он эътибори якхелаи ҳуқуқӣ доранд.

 

9.
Суроғаи ҳуқуқӣ ва мушаххасоти тарафҳо

Аз КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук: шаҳри Душанбе, кучаи Ҳ. Шерозӣ — 16/1

 

 

Суратҳисоби асосӣ
барои пур кардани ҳамёни электронӣ:

 

С/ҳ: 20202972900003381001

С/к:
20402972919001

РМА: 020034727

МФО: 350101900

ҶСК “Алиф-бонк”

Шаҳри Душанбе

Суратҳисоби
эҳтиётӣ, ҳангоми фаъол набудани ҳамёни электронӣ:

С/ҳ: 20202972004213105000

C/к: 20402972316264

РМА: 020034727

МФО: 350101626

Бонк: «Амонатбонк-05» БДА ҶТ

Ноҳияи И.Сомонии ш.
Душанбе

почтаи электронӣ: info@swcustoms.tj ва swcustoms.tj@gmail.com

 

 

Аз субъекти
хоҷагидор (Истифодабарандаи низом):

 

Суроғаи ҳуқуқӣ
__________________________________________________

________________________________________________________________

С/ҳ: ____________________________________________________________

C/к: ____________________________________________________________

РМА:___________________________________________________________

МФО: __________________________________________________________

­Бонк: ___________________________________________________________

Зери низоми дахлдор хат кашида шавад

А) Андозсупорандаи низоми соддакардашуда (6%)

Б) Андозсупорандаи низоми умумӣ (18%)

Почтаи электронии расмӣ:_________________________________________

 

Директори КВД

______________________________

«Маркази Равзанаи ягона»-и

______________________________

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати

______________________________

Ҷумҳурии Тоҷикистон

          ______________________________


          ______________________________

 

Л.Файзуллозода  ___________                                                                       __________________


                                  имзо ва муҳр                                                                                          имзо ва муҳр

 

 

 

Скачать PDF