Муҳтарам истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”
Бо мақсади ҳифзи маълумот, баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии низом ва таъмини бехатарии иттилоотӣ, аз 13 июли соли 2026 тартиби нави ивазкунии рамзи махфии истифодабаранда (пароль) ҷорӣ карда мешавад.
Муҳлати амали рамзи махфӣ минбаъд 6 моҳ муқаррар мегардад. Пас аз анҷоми ин муҳлат, ҳангоми воридшавӣ ба низом истифодабарандагон мебояд рамзи махфии нави худро ворид намоянд.
Ҳангоми сипари шудани муҳлати муайяншуда, дар интерфейси низом талабот оиди зарурати воридсозии рамзи махфии нав пайдо мешавад.
Рамзи нав бояд:
— на камтар аз 8 рамз иборат бошад;
— ҳадди ақал 1 ҳарфи калони лотинӣ дошта бошад (аз A то Z);
— ҳадди ақал 1 рақам аз 0 то 9 дарҷ гардад;
— ҳадди ақал яке аз ин рамзҳоро дошта бошад: ! @ # $ % ^ & * ва ғайра.
Дар сурати пайдоиши саволҳо ва ниёз ба мусоидат ба телефонҳои доимамалкунандаи (24/7) +992778885000 ва +992778885005 муроҷиат намоед.




