Оғози расмии фаъолияти низом

1 сентябри соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин шуда, ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» гузашт. Дар маросими оғози расмии ҷорисозии, ки 1сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе доир гардид, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- майор Каримзода Х.А ва роҳбарияти вазорату идораҳои марбутаи мамлакат иштирок намуданд.
Муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ба фаъолият оғоз намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитиро табрик гуфта, онро қадами муассир дар рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Муҳтарам Давлаталӣ Саид зикр карданд, ки ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягона, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, ки гузаришро аз шакли коғазӣ ба шакли электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд.
Қайд гардид, ки дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ», ки маблағгузораш Бонки Осиёгии Рушд аст, таҳлили қонунгузории соҳавӣ, расмиёти маъмурии дохилиидоравии Агентии «Тоҷикстандарт», Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти алоқа, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молия, Палатаи савдо ва саноат ва дигар мақомоти ваколатдор оид ба додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин талаботи техникӣ ҷиҳати таҳияи низом аз ҷониби ширкати машваратии байналмилалии «Кроун Эҷентс»-и Британияи Кабир ба анҷом расонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки шуруъ тибқи талаботи банди 1-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.07.2020, таҳти №410 аз 1 сентябри соли 2020 аз тарафи мақомоти шомилшуда қабул, кард ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва намояндагони онҳо (ширкатҳои брокерӣ) танҳо тариқи электронӣ ба роҳ монда шуда, истифодаи ҳомили қоғазӣ ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад.