Оғози давраи омузишии истифодаи низом барои ширкатҳои брокерӣ ва декларантҳо дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе

Бо мақсади такмили муҳтавои низом ва ба инобат гирифтани пешниҳодҳои истифодабарандагон, ҳамкорӣ бо сохторҳои шомилшаванда, иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ширкатҳои брокерӣ зич ба роҳ монда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар раванди мазкур ба масъалаи омӯзонидани мутахассисони мақомоти шомилшаванда ва ширкатҳои тиҷоратӣ оиди истифодаи босамари низом таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Барои  ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ тасмим гирифта шудааст, ки мутахассисони «Маркази Равзанаи ягона»-и  Хадамоти гумрук дар якҷоягӣ бо коршиносони ширкати барномасози «АйЮНетворкс», ҳар як корманди ширкатҳои соҳибкорӣ, брокерӣ, декларантҳо бахшҳои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо, ҳамчунин, ташхисгоҳҳои аккредитатсияшударо дар саросари ҷумҳурӣ  дар макони корӣ бо усули инфиродӣ бо омӯзиш фаро гиранд.

Қобили зикр аст, ки шуруъ аз моҳи декабри соли 2019 дар вилояти Суғд ва  шаҳри Душанбе давраҳои омӯзишии истифодаи амалии низом оғоз гардида, ба ҳолати 29.01.2020с. беш аз 180 мутахассиси ширкатҳои брокерӣ, декларантҳо омӯзонида шуданд. Баъд аз анҷоми омӯзиш дар манотиқи зикршуда, мутахассисони корхона ва ширкати барномасоз бо ин мақсад ба вилояти Хатлон, вилояти ВМКБ ва шаҳри Турсунзода низ ташриф меоранд.