Боздошти 7 ҳазор килограмм гази моеъи Қирғизистон дар шоҳроҳи Гулистон – Хуҷанд

Санаи 23-юми августи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни амалиёти муштарак дар шоҳроҳи Гулистон — Хуҷанд воситаи нақлиёти тамғаи «Рено» рақами қайди давлатиаш 52 43 СВ 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.И. қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти азназаргузаронӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 7 ҳазор килограмм гази моеъи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт гардид, ки ин миқдор ба шаҳрванд С.С., соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Хизтеварз тааллуқ доштааст.

Ҳангоми пурсиш шаҳрванд С.С. қайд намуд, ки дар ҳақиқат моли мазкур ба ӯ тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро аз нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ ва онро бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамоати Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид намуда, мехост ба ҳудуди шаҳри Истаравшвн барои фурӯш интиқол диҳад.

Дар вақти санҷиш соҳиби мол нисбати моли дар нақлиёташбуда ягон ҳуҷҷати гумрукӣ пешниҳод карда натавонист.

Ҳамин тавр шаҳрванд С.С. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шударо содир намудааст.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисабати шаҳрванд C.C. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.