Иштирок дар форуми Точикистону Белорус

Иштирок дар Форуми “ТаджБелАгро” байни соҳибкорони Тоҷикистону Белорус

      Санаи 07 апрели соли 2021 мутахассисони КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук дар Форуми “ТаджБелАгро” байни соҳибкорони Тоҷикистону Белорус, ки дар меҳмонхонаиХайят Рэдженси”-и шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳокимашаванда, ин тартиби барасмиятдарории гумрукӣ тавассути низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”, маҳсуб меёфт. Доир ба ин масъала, намояндаи корхона бо рунамо баромад карда, оиди корҳои анҷомдодаи Хадамоти гумрук дар самти таҳия ва ҷорисозии низомҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (СИАЯ ва “Равзанаи ягона”) маълумоти муфассал дод.

Намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои соҳибкории Белорус ҷорисозии низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ”-ро барои рушди савдои байналмилалӣ муҳим шуморида, таҷрибаи ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҷода ибратомуз ҳисобиданд.

Block title

Подробнее