Рӯзи кормандони мақомоти гумрук

28 сол аст, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ фаъолият карда истода, вобаста ба шароити замони муосир дар марҳилаи такмилу таҷдид қарор дорад.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон, дар муддати 28 сол, мақомоти гумрук ба як фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидааст.

Ҳамасола 22 январ рӯзи касбии кормандони Хадамоти гумрук ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамин замина тибқи муқаррароти моддаи 486 – и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии як қатор ҷавонафсарон бахшида ба иди касбии гумрукчиён бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон баргузор гардид.

Баъд аз маросими савгандёдкунӣ, сардори хадамоти гумрук, дар бораи ташаккул ва рушди мақомоти гумрук дар даврони истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, иброз намуд, ки “Айни замон, бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти гумрук, ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии дидбонгоҳу озмоишгоҳҳо ва амалӣ намудани корҳо дар самти ташкили низоми электронии назорат ва барасмиятдарории гумрукӣ давра ба давра чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони умумиҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии зиёда аз 120 конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, мебошад.

Чунин заминаи боэъдимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумруки ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик ба як ниҳоди нақшгузори иқтисодиёти кишвар табдил ёфта, дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.”

Сипас, муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид аз фаъолияти назарраси кормандони Мақомоти гумрук ёдовар шуда, барои барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ минатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар як корманди мақомоти гумрук расонда, таъкид намуданд, ки минбад низ иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бояд саривақтӣ иҷро карда шавад.

Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротӣ идомаи фаъолияти пурмаҳсулро талаб дорад.

Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти гумрук зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар чорабинии идона муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид бо қарори Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳоии штирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил барои фаъолона иштирок намудан дар корҳои Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва саҳми арзанда гузоштан ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ба роҳбарият ва кормандони Хадамоти гумрук мукофотҳо супориданд.

Ҳамзамон бо Фармоиши Сардори Хадамоти гумрук барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати ин ҷашни пуршукӯҳ, роҳбарият ва кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳо, ифтихорнома, медали ҷашнии “25-солагии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо нишони сарисинагии “Аълочии мақомоти гумрук ”сарфароз гардонида шуданд.