Қарор дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

                 Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии

           “Маркази Равзанаи ягона”

     Мутобиқи моддаи  125  Кодекси  граждании Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар  бораи корхонаҳои  давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази Равзанаи ягона”  дар  назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  якҷоя  бо Кумитаи  давлатии  сармоягузорӣ  ва  идораи амволи  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи  тартиби  муқарраргардидаи қонунгузории   Ҷумҳурии Тоҷикистон   масъалаҳои  ташкилию  ҳуқуқии Корхонаи  воҳиди  давлатии “Маркази Равзанаи ягона” дар назди  Хадамоти гумруки  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намоянд.

3) Ба Нақшаи идоракунии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки  бо  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”  аз  28  декабри соли 2006 №612 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

“Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази Равзанаи ягона”.

4) Муқаррар  карда  шавад,  ки  маблаљгузории чорабиниҳо  ҷиҳати таъсис  ва  ҷорӣ  намудани  системаи  Равзанаи ягона  аз  ҳисоби ҷалб намудани воснтаҳои грантӣ  анҷом  дода  шуда, хароҷоти  хизматрасонии минбаъдаи  он  ва  хароҷот  барои нигоҳдории шумораи штатии иловагӣ аз ҳисоби маблаљҳои хироҷи гумрукӣ,  ки ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, амалӣ карда мешаванд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 декабри соли 2010 № 630

ш. Душанбе